Ссылки доступа

Як ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба пойтахти Белорус меравад


Ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон эълон кард, ки рӯзи 30-юми август як ҳавопаймояш ба пойтахти Белорус меравад.

Дар ин бора рӯзи 27-уми август Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав ҳам қарор қабул кард. Масъулони ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, ба Минск асосан донишҷӯёни тоҷик ва шаҳрвандони хориҷиро мебаранд. "Тавассути парвози чартерӣ дар самти Минск-Душанбе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Белорус ва Украина қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд", - гуфта шудааст дар хабарномаи ширкат.

Барои бозгашт аз Белорусу Украина шаҳрвандонро зарур будааст ба сафорати Тоҷикистон дар Киев ва Минск муроҷиат кунанд. Тоҷикистон аз моҳи март парвозҳои маъмулиро бо хориҷ қатъ кард. Дар ин муддат барои баргардондани шаҳрвандон аз хориҷа, аз ҷумла Русия, даҳҳо парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳоро ташкил шуд, вале мусофирон мегӯянд, он ҳамчунон нокофист.

XS
SM
MD
LG