Ссылки доступа

Ҷопон тасмим дорад, ба хотири Бозиҳои олимпӣ миқдори зиёди воксини зидди COVID-19 харидорӣ кунад


Ҷопон тасмим дорад, ба хотири баргузории Бозиҳои олимпӣ ним миллиард воксини зидди COVID-19 харидорӣ кунад. Ин миқдор воксин тақрибан ба ҳар кадом сокини Ҷопон 4-тоӣ мерасад.

Ҳукумати сарвазири ҳамакнун пешини Ҷопон Синдзо Абэ умедвор аст, харидории воксини зидди коронавирус имкон медиҳад, Бозиҳои олимпӣ тобистони соли оянда баргузор шаванд. Ин Бозиҳо мебоист, тобистони соли ҷорӣ баргузор шаванд, аммо ба далели густариши вируси корона ба таъхир афтоданд.

Ҳукумати он кишвар талош дорад, ки шумори ҳар чи бештари варзишкорон ва мухлисонро дар соли 2021 ба Ҷопон ҷалб кунад. Мақомдорони Ҷопон бовар доранд, ки густариши сайёҳат барои рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мусоидат мекунад.

Ҷопон дар талоши он аст, ки то соли 2021 бештар аз 520 миллион воксини зидди коронавирус харидорӣ кунад. Аз ҳоло Ҷопон бо чанде аз ширкатҳои истеҳсолкунандаи дору шартнома бастааст.

Огоҳон мегӯянд, баргузории Бозиҳои олимпӣ дар даврони вабои коронавирус осон нахоҳад буд. Зеро ҳазорон варзишкор дар саросари дунё ниёз ба тамрин ва сафар ба чорабиниҳоро доранд. Ҳазорон мухлиси дигар бояд дар ҷойи амн нигаҳ дошта шаванд.

XS
SM
MD
LG