Ссылки доступа

Қирғизистон аз 1 сентябр ба ӯзбекистониҳо иҷозати вуруд медиҳад


Қирғизистон сар аз 1 сентябр Ӯзбекистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил хоҳад кард, ки дар робита ба коронавирус ё СOVID-19 вазъи муътадили эпидемиологӣ доранд. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон иттилоъ дод.

Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон 32-умин кишваре хоҳад шуд, ки аз нигоҳи мақомоти қирғиз, дар онҳо коҳиши мубталошавӣ ба коронавирус ва эътидоли вазъи эпидемиологӣ мушоҳида мешавад.

Ба рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд, ба Қирғизистон ворид шаванд, Русия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Туркманистон, Белгия, Австрия, Бритониё, Олмон, Ирландия, Исландия, Итолиё, Латвия, Литва, Лихтенштейн, Люксембург, Португалия, Туркия, Швейтсария, Шветсия, Қатар, АМА, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Покистон, Словения, Кувайт ва Ҷопон шомил шудаанд.

Дар Девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, ки бо назар дошти вазъи эпидемиологӣ ин рӯйхат афзоиш дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG