Ссылки доступа

СММ: "Эҳтимол Тоҷикистон COVID-19-ро санҷида натавонад". Мақомот: "Ягон камбудӣ надорем"


Перед началом занятий в одной из школ Душанбе

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар бораи камбуди маводҳои лабораторӣ барои муайян кардани бемории COVID-19-ро рад кард.

Дар як гузориши СММ гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ба камбуди таҷзиҳотҳои лабораторӣ рӯбарӯ аст ва ба ин хотир мумкин аст, ташхиси гирифторони COVID-19 қатъ шавад. Мушкили гузарондани тест дар Тоҷикистон аз оғози пандемия мавриди нигаронӣ аст ва коршиносон борҳо гуфтаанд, ки миқдори тестҳо нокифоя аст.

Дар гузориши Созмони Миллали Муттаҳид, ки охири моҳи июл нашр шуд омадааст, Тоҷикистон ба камбуди ду маводи асосии лабораторӣ рубарӯ аст, ки барои гирифтани намуна аз бемор ва интиқоли он ба озмоишгоҳ истифода мешавад.

Муаллифони гузориши СММ, “COVID-19-RESPONSE” гуфтаанд, бо сабаби нарасидани ин ду васила “санҷишҳо метавонанд қатъ шаванд.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, гирифторони коронавирус дар кишвар коҳиш ёфтааст. Агар то як моҳи пеш, ҳамарӯза бар асоси оморҳои расмӣ, беш аз 50 нафар гирифторони коронавирус сабт мешуд, ҳоло мақомот эълон мекунанд, ки дар як шабонарӯз ҳамагӣ аз 30 то 40 нафарро сабт мекунанд.

Дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба хотири "мавҷуд набудани иқтидори санҷишӣ дар кишвар бошад."

Масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон нигаронии гузоришгарони Созмони Миллали Муттаҳидро рад мекунанд.

Илҳом Ятимов, директори озмоишгоҳи идораи беҳдошт ё СЭС ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхисгоҳҳо дар кишвар барои муайян кардани гирифторони COVID-19 мушкили камбуди таҷҳизот надоранд.

Ҷаноби Ятимов гуфт, феълан дар Тоҷикистон даҳ ташхисгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар тести коронавирусро муайян мекунанд.

"Ҳама чиз мерасад. Ҳозир 110 ҳазор тест ҳаст, рӯзи 31 август боз 60 ҳазори дигар ворид мешавад. Дар моҳи сентябр дар назар аст, боз 110 ҳазори дигар аз Русия ворид шавад. Тамоми маводи лабораторӣ бо 60 ҳазор тест ворид мешавад. Ҳамин шабонарӯз мо ягон камбудӣ надорем, тамоми ташхисро мо гузаронда истодаем,”-гуфт Ятимов.

Интиқодҳо аз камбуди тест ва маводҳои лабораторӣ дар Тоҷикистон аз моҳи апрел ва аз замоне шуруъ шуд, ки мақомот мавҷудияти коронавирусро рад мекарданд. Сокинон ва наздикони беморон аз он шикоят доштанд, ки бо вуҷуди доштани нишонаҳои коронавирус аз онҳо тест намегиранд. Ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳам моҳи май баъд аз анҷоми боздид аз Тоҷикистон гуфт, миқдори тестҳое, ки дар Тоҷикистон гирифта мешаванд, "бисёр кам аст."

Ин созмон ба мақомоти тоҷик тавсия дода буд, ки озмоишҳо зиёдтар дар ҳама шаҳру ноҳияҳо анҷом диҳанд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, вазъият дар моҳҳои ахир тағйир ёфтааст.

Илҳом Ятимов, директори озмоишгоҳи идораи беҳдошт ё СЭС рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як шабонарӯз дар кишвар то 2,5 ҳазор тест гирифта мешавад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Ятимов дар моҳи май рӯзона танҳо то 250 тест мегирифтанд.

Бо вуҷуди афзоиш, мутахассисони соҳаи тибб мегӯянд, 2,5 ҳазор тест ҳам барои кишвари 9-миллионаи Тоҷикистон кофӣ нест.

Саидҷон Нодирӣ, пизишки тоҷик ва раҳбари "Ҷамъияти пайравони Сино” гуфт, дар шароити феълӣ дар як шабонарӯз бояд на кам аз 10 ҳазор тест гирифта шавад.

Ба таъкиди ин пизишк, гирифтани тести бештар имкон медиҳад, миқёси воқеии паҳншавии пандемия муайян ва хатари гирифториро камтар кард.

“Мисол агар ду донишҷӯ гирифторӣ ин беморӣ аст, мешавад онҳоро карантин кард то дигар донишҷӯён бемор нашаванд. Дар сурати кам гирифтани тест мумкин аст, афзоиши пандемия пинҳонӣ зиёд шавад,”-гуфт Саидҷон Нодирӣ.

Тоҷикистон охири моҳи апрел мавҷудияти коронавирусро дар кишвар эътироф кард. Ҳарчанд то ин вақт ҳолатҳои марги шубҳанок зиёд расонаӣ мешуд ва мақомот аксари онҳоро ба “пневмония” ё илтиҳоби шуш рабт медоданд.

То рӯзи 26-уми август дар Тоҷикистон 8481 нафар ба коронавируси нав сироят ёфта, 68 нафар ҷон бохтаанд. Аммо бисёре аз мутахассисон, мегӯянд, ки омори расмии мақомот, миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд. Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.

XS
SM
MD
LG