Ссылки доступа

Сарборӣ ба маҳсулоти ғизоӣ - дар Туркманистон сокинонро маҷбур ба харидани акси президент мекунанд


Сокинони вилояти Лебапи Туркманистонро маҷбур мекунанд, ки акси президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ҳамчун сарборӣ ба маҳсулоти ғизоӣ харидорӣ кунанд.

Як сокини ноҳияи Фороби вилояти Лебап гуфт, ахиран дар мағозаҳои ноҳия орду нон ба фурӯш баромад ва ҳамзамон аксҳои президент ҳамроҳи ин маҳсулот фурӯхта мешавад. Ҳар кадом акси андозаи 50х35 сантиметри президент 20 манат (муодили наздики 60 сомонӣ) арзиш дорад.

Ба гуфтаи сокинон, муштариҳо аз харидани аксҳои президент саркашӣ намекунанд, зеро кормандони пулис ва амнияти дохилӣ атрофи мағозаҳо посбонӣ мекунанд. Як кормандони пулис дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки ба бовари мақомот, агар дар ҳар хона акси президент овезон бошад, "муҳаббати сокинон ба президент меафзояд".

Фурӯши аксҳои президент бо мавсими ивази аксҳои вай дар муассисаҳои давлатӣ мувофиқ омадааст. Ҳамаи муассисаҳои давлатӣ дар Туркманистон вазифадор шудаанд, ки то 1 сентябр аксҳои президентро бо аксҳои нави вай иваз кунанд.

Бердимуҳаммадов дар аксҳои нав бо мӯи сари кутоҳтар ва қолинҳои сурх нақш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG