Ссылки доступа

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба латту кӯби муҳоҷирон парвандаи ҷиноӣ боз накард (видео)


Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Оренбурги он кишвар дар робита ба латту кӯб шудани муҳоҷирон аз сӯи кормандони пулис ва муҳофизони Маркази боздошти муваққатии муҳоҷирон, парвандаи ҷиноӣ боз накард.

Кумитаи зидди шиканҷаи Русия рӯзи 25 август хабар дод, латту кӯби муҳоҷирон баъди он сурат гирифтааст, ки онҳо зидди манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар боздоштгоҳ шикоят кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Оренбург гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтиши ибтидоӣ сурат гирифта ва нишонаҳои ҷиноят дар рафтори кормандони пулису муҳофизон ошкор нашудааст.

Охири моҳи июни соли ҷорӣ ду моҳиҷир - Зарифҷон Мирзоназаров аз Узбекистон ва Геннадий Тарасов аз Қазоқистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи Русия муроҷиат ва аз латту кӯб шудан дар Маркази нигаҳдории муваққати муҳоҷирон шикоят карданд.

Ин муҳоҷирон гуфтанд, рӯзи 16 июн баъди эътироз аз манъи истифодаи телефонҳои мобилие, ки ба интернет пайваст ҳастанд, шиканҷа шудаанд.

Лаҳзаи латту кӯби муҳоҷирон дар навор сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG