Ссылки доступа

Қирғизистон имрӯз истиқлоли худро ҷашн мегирад


Қирғизистон имрӯз, 31 август 29-умин солгарди истиқлоли давлатии худро таҷлил мекунад.

Имсол солгарди истиқлоли Қирғизистон дар давраи пандемия таҷлил ва ба ин далел маросимҳои бузурги оммавӣ бахшида ба он манъ карда шудааст. Танҳо дар майдони "Ала-Тоо" маросиме баргузор шуда, дар он президенти Қирғизистон Сооронбй Ҷеенбеков паёмеро ба мардуми кишвараш ироа кард. Ин маросим низ онлайнӣ баргузор ва тавассути телевизионҳои давлатӣ нишон дода шуд.

Ҷеенбеков дар суханронии худ қайд кард, ки "истиқлол муқаддастарин арзиши мо ва болотарин ифтихор аст".

Президенти Қирғизистон дар паёмаш дар баробаи коронавирус ҳамчунин ба масъалаи сиёсати хориҷӣ дахл карда, изҳор дошт, ки "мо муносибатҳои ҳусни ҳамҷивориро бо кишварҳои минтақа рушд, ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳампаймон, аз ҷумла дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шангхай, Авруосиё ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ тақвият медиҳем. Ҳамчунин муносибатҳои дипломатиро ҳам бо кишварҳои Ғарб ва ҳам Шарқ амиқтар месозем".

Дар маросим намояндагони баландпояи дигар, раиси порлумон Достон Ҷумабеков, сарвазир Қубодбек Боронов, раиси Додгоҳи олӣ Гулбара Калиева, сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ Райимбердӣ Дуйшембиев, президенти пешин Роза Отунбоева ва шаҳрдори Бишкек Азиз Суракматов ҳузур доштанд.

Эъломияи истиқлоли Қирғизистонро Шӯрои олии ин кишвар 15 декабри соли 1990, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва 31 август порлумон эъломияро ба тасвиб расонд. Ин рӯз дар Қирғизистон расман истироҳат эълом шудааст.

Қирғизистон дар даврони истиқлоли худ шоҳиди ду инқилоб ва низои қавмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG