Ссылки доступа

Мақомоти Чин: раиси сенати Ҷумҳурии Чех барои сафараш ба Тайван "қимати гарон"-е мепардозад


Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин гуфт, ки раиси сенати Ҷумҳурии Чех Милош Вистрчил барои сафари расмиаш ба Тайван "пардохти гарон"-е хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ медиҳад.

"Мо ӯро барои амали кутоҳандешона ва фурсатҷӯии сиёсиаш водор ба пардохти гарон мекунем", - гуфт Ван И.

Ба гуфтаи вай, нодида гирифтани "Чини воҳид" баробар ба он аст, ки "1,4 миллиард сокини Чинро ба худ душман созӣ".

Вай илова кардааст, ки ҳукумат ва мардуми Чин чунин "иғвои ошкоро"-ро аз сӯи раиси сенати Чех ва нерӯҳои зиддичинии пуштибони онҳоро таҳаммул нахоҳанд кард.

Вистрчил, раиси сенати Ҷумҳурии Чех рӯзи якшанбе ба Тайван рафт. Вай гуфт, ки сафараш ба рушди робитаҳои тиҷории Тайван бо Ҷумҳурии Чех замина мегузорад ва Чех эътирозҳои Пекинро нодида мегирад.

Вистрчил бо наздики 90 тоҷиру фаъолони сиёсӣ озими Тайван шуд. Барномаи кории раиси сенати Чех то рӯзи 4 сентябр идома мекунад.

Ин дар ҳолест, ки президенти Ҷумҳурии Чех Милош Земан ва сарвазири он кишвар Андрей Бабиш ба сафари раиси сенат ба Тайван зиддият нишон доданд.

XS
SM
MD
LG