Ссылки доступа

Трамп: Зӯргуиро дар шаҳрҳо танҳо бо зӯр метавон манъ кард


Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки густариши хушунату зӯргуиро дар шаҳрҳои таҳти роҳбарии демократҳо танҳо бо зӯр метавон манъ кард.

"Роҳи ягонаи манъи хушунат дар шаҳрҳое, ки ҷиноят дар ҳоли афзоиш аст - ин истифодаи неру аст!" - навишт Трамп дар саҳифаи Твиттер.

Трамп раиси шаҳри Портлендро дар вазъи ба амаломада дар ин шаҳр айбдор кард. Дар Портленд зидди зӯргуии пулис эътирозҳо давом доранд ва шаби якшанбе дар ин эътирозҳо як одам кушта шуд.

"Тед Уилер, раиси демократ шаҳри Порленд, ки марги бузург ва тахриби шаҳри худро назора мекунад, бар ин назар аст, ки ин қонуншиканӣ бояд мудовим идома ёбад", - навишт Трамп.

Уилер дар посух гуфт, ки Трамп ба шеваи худ шарҳ медиҳад.

"Ин Трампи клоссик аст. Ҷаноби президент, шумо фикр мекунед, ки шарҳи шумо фоидаовар аст? (...) Ин мавқеи хашин аст. Ин ҳамкорӣ нест. Ин марҳила шояд беҳтарин мавқеъ барои ҳамаи мо бошед, ки бархезем ва даст бо дасти ҳам хушунатро маҳкум кунем", - гуфт Уилер.

Шаби якшанбе пулис хабар дод, ки дар Портленд як одам дар занозании эътирозгарони Black Lives Matter бо ҷонибдорони Трамп кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG