Ссылки доступа

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 111 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд


Дар Қазоқистон дар як шабонарӯзи охир 111 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст.

Бештари гирифториҳо ба вилояти Қазоқистони Шарқӣ рост меояд. Дар маҷмуъ дар он кишвар 105 ҳазору 795 кас ба вируси корона гирифтор шудааст.

Ҳолатҳои гирифторӣ ба илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус дар Қазоқистон дар як рӯзи охир ба 56 кас расида, шаш тан аз ин беморӣ фавтидааст.

Ин дар ҳолест, ки шуруъ аз фардо дар Қазоқистон муассисаҳои динӣ, толорҳои варзиш, ҳавзҳо, осорхонаҳо ва театрҳо боз мешаванд.

XS
SM
MD
LG