Ссылки доступа

Дар эътирозҳои Белорус беш аз 130 корманди пулис осеб дидааст


Вазири умури дохилии Белорус Юрий Караев дар суҳбат бо телевизиони русии RT гуфт, дар ҷараёни эътирозҳои кишвараш беш аз 130 маъмури пулис осеб дидааст.

"Дар ҳоли ҳозир 131 нафар осеб дида, 28 танашон ба монанди пешин дар беморхона қарор доранд", – изҳор дошт ӯ.

Мирный марш в Минске в день рождения Лукашенко: как это было
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:55 0:00

Дар Минск ва шаҳрҳои дигари Белорус эътирозҳо зидди тақаллубкорӣ дар интихоботи президентии 9 август, ки барандаи он Александр Лукашенко эълом шудааст, идома доранд. Мақомоти Белорус дар рӯзҳои аввали эътирозҳо тазоҳургаронро бо истифода аз гази ашковару мошинҳои обпош ва тирҳои резинӣ бераҳмона саркӯб карданд.

Ҷамъан дар ҷараёни эътирозҳо зиёда аз 600 кас дастгир шуд. Дастгиршудаҳо баъди озод шудан гуфтанд, ки дар боздоштгоҳ шиканҷа шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ тақрибан дар бадани 500 кас осори шиканҷаро мушоҳида намуданд. Ба гуфтаи дастгиршудаҳо, онҳоро дар боздоштгоҳ шадидан латтукӯб ва таҳқир кардаанд, вале дар робита ба ин шикоятҳо ҳеч парвандае боз нашуд.

Караев пештар дар робита ба марги сокини Минск Александр Тарайковский гуфта буд, "Бале, ӯ фавтид. Дар бетартибиҳои Амрико чанд кас фавтид?".

XS
SM
MD
LG