Ссылки доступа

Ҳизби сотсиал-демократ интихоботи президентиро таҳрим кард


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи президентии моҳи октябрро таҳрим ё бойкот кард. Раҳматилло Зойиров, раиси ин ҳизб рӯзи 31-уми август дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, "ҲСДТ интихоботи президентии ҶТ аз 11 октябри соли 2020-ро таҳрим мекунад."

Масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гуфтанд, ин тасмими ҲСДТ аст, ки дар интихобот ширкат мекунад ё на. Ба навиштаи Зойиров, бо қарори Шӯрои сиёсӣ, Ҳизби сотсиал-демократ ҳамчунин аз пешбарии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Раиси ҲСДТ дар шарҳи ин тасмим навиштааст, таини интихоботи президентӣ дар санаи 11-уми октябр "ғайриқонунӣ" буда, ҷамъоварии 250 ҳазор имзо ба тарафдории номзад ғайриимкон аст.

Як сабаби дигари таҳрими интихобот ба гуфтаи Зойиров ин аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизб бошад ва раҳбарии ӯ дар Ҳизби халқии демократӣ системаи бисёрҳизбиро дар Тоҷикистон аз байн бурда ва "ҷумҳуриро ба низоми яккаҳизбӣ табдил додааст". Иддаое, ки сарон ва тарафдорони ХҲДТ ва ҳизбҳои дигар рад мекунанд.

Раҳматилло Зойиров дар ин баёния ҳамчунин навишт, сабаби дигари таҳрими интихобот қабули Қонуни нав дар бораи Кумиссиёни марказии интихоботи Тоҷикистон дар соли 2019 аст. Ба гуфтаи ӯ, "бар асоси ин қонун намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳақ надоранд, ба комиссияҳои марказиву маҳаллии интихобот шомил шаванд ва онҳо аз ҳисоби намояндагони ҳукумати иҷроия ва Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ташкил карда мешаванд."

Масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гуфтанд, тасмими ҲСДТ дар бораи таҳрими интихобот ҳаққи худашон аст.

Наврӯз Самадзода, котиби КМИР рӯзи 31-уми август гуфт:

“Ин ҳуқуқи ҳар ҳизби сиёсӣ аст, масъаларо на ба онҳо бор карда метавонем, на ягон гап гуфта метавонем. Ин фикри шахсии онҳо аст, мо дар ин масъала на ба онҳо маслиҳат дода метавонем, на эрод гирифта метавонем.”

Самадзода гуфт, масъулини ҲСДТ дар бораи таҳрими интихобот онҳоро огоҳ накардаанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. То ҳоло 5 нафар аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар он номзад пешбарӣ шудаанд.

Ҳизби халқии демократӣ то кунун номзади худро эълон накардааст, аммо рӯзи 26-уми август Иттифоқҳои касаба номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешниҳод карданд.

Ба ҷуз ин, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, раисони худро довталаби курсии раиси ҷумҳур эълон карданд. Аммо ҳамаи ин афрод, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ҳастанд, ҳамеша аз сиёсатҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кардаанд. Мунтақидон мегӯянд, пешбарии номзадии ин афрод, саҳнасозӣ ва борақобат вонамуд кардани интихобот аст.

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Эмомалӣ Раҳмонро, ки 28 сол боз Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, барои саркӯб кардани дигарандешӣ, муроот накардани ҳуқуқи инсон, маҳдуд кардани озодии баёну виҷдон ва ҳуқуқи дигари бунёдии инсон танқид мекунанд. Аммо тарафдоронаш мегӯянд, ӯ ба ҷанги дохилӣ хотима гузошт, сохтмони роҳҳо ва тарҳҳои бузурги дигарро анҷом дод ва мушкили бебарқиро низ то ҷое ҳал кард.

Интихоботҳои кишвар низ ба гуфтаи нозирони ғарбӣ ҳеч гоҳ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шаффофу одилона набудаанд. Мақомоти интихобот ва нозирон аз кишварҳои шарики Тоҷикистон ба мисли Русияву Чин гуфтаанд, интихоботҳо бо қонуншиканиҳои ночиз, вале "дурусту шаффофу одилона" сурат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG