Ссылки доступа

Туркманистониҳоеро, ки ниқоб намепӯшанд, ба пахтачинӣ мефиристанд


Пулиси вилояти Марии Туркманистон сокинонеро, ки тавони пардохти ҷаримаи напӯшидани ниқоби тиббиро надоранд, иҷборан ба пахтачинӣ мефиристад.

"Субҳи имрӯз, 30 август ҳудуди 30 нафар аз шаҳри Байрамалӣ ба пахтазорҳои ноҳияи Қорақум сафарбар шуданд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба иттилои хабарнигор, ҳамаи ин афродро пулис барои напӯшидани ниқоби тиббӣ дастгир ва ҷарима карда буд, вале онҳо тавони пардохти ҷаримаро надоштанд. Бинобар ин, ба пахтазор сафарбар шуда, бояд рӯзона 20-килоӣ пахта чинанд.

Хабарнигори радио мегӯяд, "тартиб"-и иҷборан ба пахтачинӣ фиристодани нақзкунандагони низоми ниқоби тиббӣ 29 август ҷорӣ шуд.

Ёдрас мешавем, хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта хабар дод, ки пулиси вилояти Марӣ назорат дар кӯчаҳоро сахттар ва онҳоеро, ки бе ниқоби тиббӣ гашту гузор мекунанд, дастгир карда, ба шуъбаи пулис интиқол медиҳад.

Дар шуъбаи пулис сокинон барои напӯшидани ниқоби тиббӣ 60 манат (17 доллар бо қурби расмӣ) ҷарима хоҳанд шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон ҳанӯз ҳам мегӯянд, дар ин кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирусро сабт накардаанд.

XS
SM
MD
LG