Ссылки доступа

Додгоҳе дар Душанбе шахси муттаҳам ба таҷовузи ноболиғро 3 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳукми ҷавонеро, ки дар таҷовуз ба номуси духтари 14-сола муттаҳам мешуд, эълон кард. Наздикони ин духтар мегӯянд, аз ҳукм розӣ нестанд, вале "шароит надоранд" ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.

Назари наздикони ҷавони маҳкумшуда дар ин робита ҳанӯз маълум нест.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, Ф.Қ-и 25-сола ба муҳлати се сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Додгоҳ ӯро тибқи моддаи 141-и Кодекси ҷиноӣ (робитаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) ба зиндон маҳкум кард.

Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 31-юми август гуфт, ҳукми додгоҳ нисбат ба ин ҷавон авоили моҳи гузашта содир шуда, аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст.

Волидони духтар мегӯянд, се соли зиндон ба ивази доғдор кардани номи духтарашон "ҳеч аст", аммо ба хотири тангдастӣ наметавонанд талоши худро дар зинаҳои болоии додгоҳ идома диҳанд. Назари волидони ҷавон ба ин ҳукм маълум нест, аммо зоҳиран бо қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм волидони ӯ аз он шикояте накардаанд.

Модари ноболиғи 14-сола, ки бо далелҳои ахлоқӣ аз зикри номаш худдорӣ мешавад, гуфт, дар хобгоҳи як корхонае дар Душанбе зиндагӣ мекард ва ҳодиса ҳам ду моҳи пеш ҳамонҷо рух дода буд. Вай 31-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҳодиса духтараш М.Ҳ. дар хона танҳо буд ва ин ҷавон ба манзили зисти онҳо даромада, ба ӯ дастдарозӣ кардааст.

Баъдан ин модар аз шаҳрдори Душанбе ва Додситони кулли Тоҷикистон хоста буд, ҳодисаи ба сари хонаводааш омадаро ҷиддӣ бигиранд ва ҷавони гумонбар ба таҷовузи духтари ноболиғро ҷазо диҳанд.

Ин зан мегӯяд, "барои ҷазо гирифтани ҷавони гумонбар талош кардам, то ҳодиса пинҳон намонад ва боис ба афзоиши бадбахтии хонаводаҳои дигар шавад. Се сол ҳукм доданд. Ин, албатта, ба ивази доғдор шудани номи духтарам барои як умр кам аст, вале аз Худо мехоҳам ҷазояшро диҳад. Хостам ба зинаҳои болоӣ шикоят барам, лекин шароит надорам."

Бо он ки ҳукми шахси муттаҳам ба таҷовузи духтари 14-сола содир шуд, сарнавишти қурбонии таҷовузи ҷинсӣ, ки дар як ҷомеаи суннатӣ бузург мешаваду мавзӯи бакорат дар хушбахтии ҳар духтар нақши муҳим дорад, норӯшан мемонд.

Ҳоло ин модар ба хотири ояндаи духтараш ҷойи зисти худро иваз карда, фарзандашро барои таҳсил ба яке аз мактабҳои деҳа бурдааст: "Духтарам дар аввал намефаҳмид, парво надошт, баъди сар шудани мактаб касе ин хабарро шунида будасту гуфтааст, ту ҳамон одам ҳастӣ. Ҳоло ҳар лаҳза гиря мекунад ва намедонам чӣ мешавад."

Равоншиносон мегӯянд, озори ҷинсие, ки як нафар дар наврасӣ дидааст, тамоми умр ӯро азият мекунад. Бинобар ин, равоншиносон барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо, ба қурбониёни таҷовузи ҷинсӣ тавсия медиҳанд, ки ба ҷойи сукуту пинҳонкорӣ, баръакс, ба пулис ва созмонҳои офиятрасон муроҷиат кунанд, то озордиҳанда ҳатман ҷазо бинад. Вагарна хатари осеб дидани кӯдакону наврасони дигар бештар мешавад.

Равоншинос Барно Дадабоева мегӯяд, танҳо кори инфиродии равоншинос бо қурбонии таҷовуз метавонад фикри чунин нафаронро аз ангезаҳои манфӣ ба мусбат бозгардонад. Ӯ озори ҷинсии кӯдакону наврасонро на танҳо як ҷинояти мудҳиш, балки осеби сахти рӯҳӣ арзёбӣ мекунад, ки табобати он вақти бисёр талаб мекунад.

Бо ин ҳама, ин равоншинос мегӯяд, баъзе ҳодисаҳое ҳаст, ки намешавад, як умр фаромӯш кард, аммо метавон муносибатро бо ин ҳодиса тағйир дод. “Набояд бо қурбониёни таҷовуз бархӯрди сангин кард. Агар аз як тараф ин ҳодиса бехабар ба ӯ рух дода бошад, аз сӯи дигар муносибати сард метавонад мушкили равониро даҳчанд бештар намояд", -- гуфт равоншинос.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус, бахусус бо ноболиғон ҷинояти сангин ба шумор меравад ва барои ин кор аз 2 то 20 соли зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ шудааст. Мавридҳои таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ дар Тоҷикистон кам ошкор мешавад, зеро ба гуфтаи ҷомеашиносон, қурбониёну наздикони онҳо метарсанд, ки дар ниҳоят на марди озордиҳанда, балки худи қурбонии ҷинояти сангини ахлоқӣ мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегиранд.

Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номуси хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Дар оғози моҳи август Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Юсуф Зиёев, сокини Душанберо бо гуноҳи таҷовуз ба номуси як тифли сесола ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG