Ссылки доступа

Талаби либоси ягонаи мактабӣ дар Қазоқистон бекор шуд


В Казахстане отменили школьную форму – швейные компании несут убытки
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:17 0:00

Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки ба далели вабои коронавирус бисёре аз хонандагон соли нави хонишро ба таври фосилавӣ шуруъ мекунанд.

Ин вазъ то кай идома мекунад - ҳанӯз маълум нест, аммо ҳадди ақал тамоми чаҳоряки аввал кӯдакон ба мактаб нахоҳанд рафт.

Дар робита ба ин вазири маориф ва илми Қазоқистон дар давраи карантин либоси ягонаи мактабиро бекор кардааст. Кӯдакон ва волидони онҳо ин тасмими вазирро ба хушӣ пазируфтанд, аммо соҳибкороне, ки ба фурӯши либоси мактабӣ машғуланд, шикоят доранд.

"Ҳатто агар мо баъди чаҳоряки аввал ба тартиби анъанавии таҳсил баргардем, касе аз волидон талаб нахоҳад кард, ки барои фарзандонашон либоси ягонаи мактабӣ бихаранд. Бо назардошти вазъи иқтисодӣ, бо назардошти вазъи кунунӣ мо тасмим гирифтем, ки дар бахши либоси мактабӣ ҳам шароит фароҳам оварем",- гуфт вазири маориф ва илми Қазоқистон Асхат Аймагамбетов.

Баъди ин назари вазир бисёре аз волидон аз харидани либоси мактабӣ худдорӣ варзиданд.

"Фарзандони мо ба мактаб намераванд. Бо омӯзгорон ба мувофиқа расидем. Танҳо лавозимоти мактабӣ мехарем, китобу дафтар - тамом", - гуфт модаре аз шаҳри Нурсултони Қазоқистон.

Худдории волидон аз харидани либоси мактабӣ ба тиҷорати соҳибкорон зарба задааст. "Дар қиёс ба соли гузашта фурӯш 5%-ро ташкил медиҳад. 95 дарсади маҳсулоти мо дар анбор аст", - гуфт Олга Мартинюк, муҳосиби як ширкати дузандагӣ.

Як муҳосиб аз ширкати "Қазлегпроми Алмато" гуфт, ки имсол ҳатто як либоси мактабӣ нафурӯхтаанд ва қариб 300 ҳазор доллари фоидаро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG