Ссылки доступа

Дар Қазоқистон боздошти фаъолони маданӣ идома дорад


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон сокини 37-солаи вилояти Алмато Кайрат Клишевро бо гумони иштирок дар фаъолияти созмони мамнуи "Коше партиясӣ" ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Дар ин бора вакили дифои айбдоршаванда Галим Нурпеисов иттилоъ дод. ​"Рӯзи 31 август Клишевро бо қарори додгоҳи Алмато бар асоси банди "Иштирок дар фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё диние, ки бо далелҳои ифротгароӣ ё даҳшатафканӣ мамнуъ эълом шудааст" ба боздоштгоҳ интиқол доданд", - изҳор дошт вакили дифоъ.

Дар боздоштгоҳи Алмато бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки Клишев на 31 август, балки 1 сентябр интиқол дода шудааст.

Ин севумин ҳолати ҳамсон дар давоми ҳафтаҳои ахир аст. Додгоҳи Алмато 23 август низ фаъолони маҳаллӣ Абай Бегимбетов ва Асхат Жексебоевро бо гумони иштирок дар "созмони мамнуъ" 2 моҳ ҳабс кард.

Фаъолияти ҳаракати ҷамъиятии "Коше партиясӣ"-ро додгоҳ моҳи майи соли равон бо дархости Додситонии кулли Қазоқистон манъ карда буд. Ҳалномаи додгоҳ дар бораи манъи фаъолияти ҳаракати мазкур ҳанӯз нашр нашудааст. Ҷонибдорони ҳаракат дархости Додситонии кулли Қазоқистонро "сиёсӣ" меноманд.

XS
SM
MD
LG