Ссылки доступа

Доналд Трамп ба шаҳре рафт, ки сокинонаш эътироз карданд


Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи сешанбе ба шаҳри Кеношаи иёлати Висконсин сафар кард. Дар ин шаҳр як ҳафта пеш Ҷейкоб Блейки 29 сола, амрикоии африқоитабор аз тири пулис захмӣ шуд ва ин мавҷи эътирозҳоро ба бор овард.

Трамп пеш аз парвоз ба Висконсин ба рӯзноманигорон гуфт, мехоҳад дар ҷараёни сафараш ба кормандони хадамоти амният ва сарбозони Горди миллӣ барои "корашонро хуб анҷом додан" миннатдорӣ баён кунад. Ӯ ҳамзамон афзуд, ки феълан намедонад бо аъзои хонаводаи Ҷейкоб Блейк мулоқот хоҳад кард, ё не.

Ҷейкоб Блейк 23 август бар асари оташкушоии корманди пулис чандин захми тир бардошт. Ба гуфтаи наздиконаш, дар ҳоли ҳозир қисми поёни бадани ӯ фалаҷ шудааст.

Висконсин - як аёлати муҳим дар интихоботи моҳи ноябр аст. Трамп соли 2016 бо раъйи ночизе дар ин аёлат пирӯз шуда буд.

Ҷо Байден, рақиби ӯ дар интихобот хушунатҳоро маҳкум кардааст.

Мавзуи нажодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳасос аст. Марги Ҷорҷ Флойд, як амрикоии африқоиасл, ки рӯзи 25-уми май ҳангоми боздошт аз ҷониби пулис ба ҳалокат расид, эътирозҳоро ба бор оварда буд.

XS
SM
MD
LG