Ссылки доступа

Беш аз 50 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад


Барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан то 15-уми сентябри имсол 52 парвози дигари чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳоро ташкил кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр гуфтанд, ин парвозҳо дар мувофиқа бо ҷониби Русия ва тавассути ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон-Эйр" аз Маскаву Екатеринбург, Қазон, Санкт-Петербург, Краснодар, Новосибирск, Иркутск ва Сочи ба Душанбе анҷом мешаванд.

Баъд аз он ки дар моҳи марти имсол, бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав, парвозҳои маъмулӣ байни Тоҷикистону Русия қатъ шуд, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дармонданд.

Аз он муддат то кунун мақомот чанд парвози чартерӣ ташкил карданд, вале ҳанӯз ҳам талабгорони бозгашт кам нашудааст. Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, ташкили парвозҳои чартерӣ роҳи ҳал нест.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр дар изҳороти расмӣ шарти бозгашт ба кишварро эълон кард. Бино ба он, "ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19)... ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд."

Ба иттилои манбаъ, рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистонро барои роҳ додан ба парвозҳои чартерӣ кумисюнҳои махсус дар назди сафорат дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия тартиб хоҳанд дод.

"Ҳамзамон, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони соҳиби кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Русия бо сафари хидматӣ рафтаанд, дода мешавад", -- омадааст дар изҳороти расмии Вазорати умури хориҷӣ.

Ҳанӯз дар бораи барқарор шудани парвозҳои маъмулӣ ё доимӣ байни Тоҷикистону Русия тасмим гирифта нашудааст. Қаблан ҷониби Тоҷикистон гуфта буд, ба дархости Русия дар бораи аз сар гирифтани парвозҳои маъмулӣ ҷавоби мусбат додааст, вале маълум нест роҳи доимӣ кай боз мешавад.

Русия то кунун бо чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Туркияву Танзания ва Бритониё парвозҳои маъмулиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ҳоло танҳо ба Дубай парвози маъмулиро ба роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG