Ссылки доступа

Ӯзбекистон аз 5 сентябр дари кинотеатру тарабхонаҳоро боз мекунад


Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон қарор кард, ки аз 5 сентябр ба баъзе аз муассисаву корхонаҳо дубора иҷозати фаъолият дода шавад.

Аз ҷумла, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва чойхонаҳо ҳақ пайдо карданд, ки бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ муштариёни худро дар дохил қабул кунанд.

Вале баргузории ҳама гуна чорабинӣ ва шабнишиниҳои оммавӣ манъ буда, фосилаи миёни мизҳо бояд 2 метр ва дар гирди ҳар як миз набояд аз чаҳор нафар (ба ҷуз аз аъзои хонавода) бештар одам бошад. Ҳайати кормандон бояд дастпӯш ва ниқоб дошта бошанд.

Ҳамчунин бо қарори комиссия, маросимҳои динӣ дар рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе иҷозат буда, дари театру кинотеатрҳо низ боз мешавад.

XS
SM
MD
LG