Ссылки доступа

Дар Қазоқистон мушовири президент вазири рушди рақамӣ таъйин шуд


Бағдод Мусини 37-сола бо фармони президенти Қазоқистон вазири рушди иттилоот, навоварӣ ва саноати фазоии он кишвар таъйин шуд. Вай аз моҳи июл ба ин тараф иҷрокунандаи вазифаи вазирии ин ниҳод буд.

Мусин пештар аз ин мушовири Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар умури рақамисозӣ ва афзорҳои нав буд.

Вазири пешини рушди иттиллоти Қазоқистон дар пайи интиқодҳои марбут ба иҷро накардани дастурҳои корӣ аз мақом барканор шуд. Ӯро барои сатҳи пасти дастрасӣ ба интернет дар Қазоқистон танқид мекарданд. Сокинони Қазоқистон баъди ба таҳсили фосилавӣ фаро гирифтани хонандагон ба мушкили дастрасӣ ба интернет рӯ ба рӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG