Ссылки доступа

Шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсараш бо Netflix қарордод имзо карданд


Шоҳзодаи Бритониё Гаррӣ ва ҳамсараш Меган Маркл ширкати продюсериеро таъсис дода, бо онлайн-синамои Netflix созишнома имзо кардаанд. Номи ширкат ва маблағи созишнома ифшо карда намешавад.

Гаррӣ ва Маркл бо таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ, бадеӣ, бисёрсериягӣ ва барномаҳои кӯдакона машғул хоҳанд шуд.

Ин ҷуфт дар ибтидои соли равон аз иҷрои вазифаҳои намояндагони хонаводаи шоҳ даст кашиданд ва эълом карданд, ки мехоҳанд, аз нигоҳи молӣ мустақил бошанд. Онҳо ҳамроҳи писарашон Арчӣ ба Амрико рафтанд.

Меган Маркл бо нақшофарии худ дар филми бисёрсериягии "Suits" машҳур аст, вале мегӯяд, ба синамо баргаштанӣ нест.

Шоҳзода Гаррӣ ва ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл 19-уми майи соли 2018 издивоҷ карданд. Ин дувумин издивоҷи Меган Маркл аст. Онҳо 6-уми майи соли 2019 соҳиби писар шуданд.

XS
SM
MD
LG