Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, ягон ҳолати мубталошавӣ ба бемории Кавасакиро сабт накардааст


Дар Вазорати тандурустии Қирғизистон ҷаласаи гуруҳи коршиносон роҷеъ ба таъсири коронавирус ба кӯдакон ва эҳтимоли пайдоиши нишонаҳои Кавасакӣ дар онҳо баргузор шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии вазорат, ба гуруҳи коршиносон мутахассисони ботаҷриба оид ба кӯдакон шомил шудаанд. Дар ҷаласа шеваҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳое баррасӣ шудааст, ки кӯдакон мубтало мешаванд.

Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Қирғизистон Боҷид Ҷонғозиев, вазорат ба муайян кардан, табобат ва пешгирии бемории мазкур дар ин кишвар омодагӣ мебинад.

"Пештар фикр мекардем, ки коронавирус барои одамони калонсол ва дорои бемориҳои музмин хатарнок аст, вале ҳоло ҳолатҳои вазнини беморӣ дар миёни кӯдакон низ мушоҳида мешавад. Бинобар ин, дастурамали табобати кӯдакони мубтало ба коронавирус таҳия шуд. Инчунин зарурати ҷудо кардани синдроми Кавасакӣ дар бахши алоҳида дар якҷоягӣ бо COVID-19 вуҷуд дорад. Гуруҳи коршиносон ҳам ташкил шудааст, то дар ташхис ва табобати кӯдакони гирифтори Кавасакӣ ба табибон мусоидат кунад. Вале бояд гуфт, ки то ҳол дар Қирғизистон бемории Кавасакӣ ба қайд гирифта нашудааст", - афзуд ӯ.

Пештар хабар дода шуд, ки дар саросари Қирғизистон панҷ беморхонаи кӯдакона бо 2356 кат омода карда шудааст. Бино ба омори ахир, дар ин кишвар 1120 ҳолати мубталошавии кӯдакони то 14-сола ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Бемории Кавасакӣ илтиҳоби рагҳо аст, ки боиси танг шудани онҳо ва нарасидани хун ба аъзои ҳаётӣ мешавад. Бештар ба он кӯдакони то 5-сола мубтало мешаванд.

XS
SM
MD
LG