Ссылки доступа

Мақомоти Олмон баъди пайдо шудани заҳр дар ҷисми Навалний, аз Русия "шарҳ талаб карданд"


Мутахассисони олмонӣ дар ҷисми мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний изи моддаи заҳрогини кимиёии марбут ба гуруҳи "Навичок"-ро пайдо карданд. Дар ин бора намояндаи ҳукумати Олмон хабар дод.

Ҳукумати Олмон тасмим дорад, дар бораи натиҷаҳои ахири озмоиши Навалний ба сафорати Русия дар Берлин хабар диҳад.

Мақомоти Олмон гуфтанд, ки "бо қатъитарин шева" сӯиқасд ба Алексей Навалнийро маҳкум мекунанд ва аз ҳукумати Русия талаб доранд, ки ин ҳодисаро шарҳ диҳад.

Бемористони "Шарите"-и Олмон гуфт, "вазъи Навалний ҳамоно вазнин аст ва давомнокии бемории вай мумкин аст, назар ба пешбиниҳои қаблӣ тӯлонитар шавад". Бемористон ҳамзамон хабар дод, ки Навалний ҳоло ҳам дар ҳолати беҳушии сунъӣ нигаҳ дошта мешавад ва ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст аст.

Навалний рӯзи 20 июл дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо маҷбур шуд дар шаҳри Омск нишасте бикунад. Баъди ду рӯзи бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ Навалнийро ба Олмон ба интиқол доданд ва табибони беморхонаи “Шерите” баъди чанд рӯзаш гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст.

Ҳоло ӯ дар ҳолати кома ё беҳушии маснӯӣ буда мавриди муолиҷа қарор гирифтааст. Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки ӯро қасдан заҳролуд карданд ва дар пушти ин ҳодиса Кремл истодааст.

XS
SM
MD
LG