Ссылки доступа

Вакилони порлумони Қирғизистон то 2 октябр ҷаласа баргузор намекунанд


Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 3 сентябр тасмим гирифтанд, ки то баргузории интихоботи нави порлумонӣ дар ибтидои моҳи октябри имсол, дигар ҷаласа баргузор накунанд.

Як моҳи пеш аз интихоботро онҳо мехоҳанд, ба мулоқот бо интихобкунандагон бахшанд. Бо тарафдории аксари вакилон тасмим гирифта шуд, ки аз 4 сентябр то 2 октябр дар порлумон ҷаласа баргузор карда нашавад.

Пештар аз ин раиси порлумони он кишвар Достонбек Ҷумабеков чунин пешниҳод карда буд.

"Шумо медонед, ки аз 4 сентябр тарғиботи интихоботӣ шуруъ мешавад. Худи интихобот 4 октябр баргузор хоҳад шуд. Пешниҳод шуд, ки ин моҳро ба мулоқот бо интихобкунандагон бахшем. Бисёре аз вакилон дубора номзад шудаанд", - гуфт раиси порлумони Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG