Ссылки доступа

Михаил Ефремов гуфт, дар садамаи марговари нақлиёт айбдор аст


Михаил Ефремов

Ҳунарманди рус Михаил Ефремов дар ҷаласаи додгоҳӣ дар шаҳри Москва гуфт, эътироф мекунад, ки дар садамаи маргбори нақлиёт айбдор аст.

"Мехоҳам эътироф кунам. Ман чанд шаб хоб нарафтам ва тасмим гирифтам, ки айбро эътироф кунам", - гуфт Ефремов пеш аз шуруи баҳс байни айбдоркунанда ва ҷониби ҳимояи ҳунарманд.

Айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки айби Ефремов дар садамаи марговари нақлиёт исбот шудааст.

Садамаи нақлиёт бо иштироки Михаил Ефремов рӯзи 8 июн дар яке аз кӯчаҳои Москва рух дод. Дар ин садама Сергей Захаров, ронандаи мошини борбар фавтид. Муфаттишон гуфтанд, ки ҳангоми садама Ефремов дар ҳолати сархушӣ қарор дошт.

Ефремов пеш аз ин гуфта буд, ки чизеро дар ёд надорад ва ба ин далел айби эъломшударо эътироф намекунад. Вай гуфт, эҳтимол дорад, ки ҳангоми садама пушти фармони мошин каси дигаре қарор дошта бошад.

XS
SM
MD
LG