Ссылки доступа

Филме, ки Навалний пеш аз заҳролудшавияш ба навор гирифта буд, нашр шуд


Бунёди мубориза бо фасод (БМФ) филми "Томск дар асорати вакил"-ро, ки Алексей Навалний пеш аз заҳролудшавияш ба навор гирифта буд, нашр кард.

Ин таҳқиқоти Навалний ба фасодкорӣ миёни вакилони Томск аз Ҳизби "Русияи воҳид" бахшида шудааст. Тибқи нақшаи раҳбари БМФ, филм бояд ба сокинони маҳаллӣ мусоидат мекард, то дар интихоботи 13 сентябр зидди номзадҳои "Русияи воҳид" овоз диҳанд.

Дар филм ҳамчунин дороиҳое нишон дода мешавад, ки ба моликон ва раҳбарони ширкатҳои коммуналии Томск тааллуқ доранд.

Навалний рӯзи 20 июл дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо маҷбур шуд дар шаҳри Омск нишасте бикунад. Баъди ду рӯзи бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ Навалнийро ба Олмон ба интиқол доданд ва табибони беморхонаи “Шерите” баъди чанд рӯзаш гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст.

Ҳоло ӯ дар ҳолати кома ё беҳушии маснӯӣ буда мавриди муолиҷа қарор гирифтааст. Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки ӯро қасдан заҳролуд карданд ва дар пушти ин ҳодиса Кремл истодааст.

Мутахассисони олмонӣ дар ҷисми мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний изи моддаи заҳрогини кимиёии марбут ба гуруҳи "Навичок"-ро пайдо карданд. Мақомоти Олмон гуфтанд, ки "бо қатъитарин шева" сӯиқасд ба Алексей Навалнийро маҳкум мекунанд ва аз ҳукумати Русия талаб доранд, ки ин ҳодисаро шарҳ диҳад.

XS
SM
MD
LG