Ссылки доступа

Авҷи якбораи "илтиҳоби шабеҳи коронавирус" дар Қазоқистон: 571 ҳолат дар 1 рӯз (видео)


Дар Қазоқистон дар давоми як шабонарӯз 571 ҳолати мубталошавӣ ба "илтиҳоби шуши шабеҳ ба коронавирус" ба қайд гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон гуфтанд, 2 август танҳо 27 ҳолати мубталошавӣ ба бемориро ба қайд гирифтаанд.

Шумори ҳолатҳои фавт низ афзоиш ёфта, дар як рӯз шаш кас ҷон бохтааст, ки назар ба нишондоди 2 август се кас бештар аст.

Омори "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" дар Қазоқистон аз омори умумии гирифторони COVID-19 ҷудо аст. Чунин шумориш танҳо дар Қазоқистон ба роҳ монда шудааст, дар ҳоле, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин иттилоъро муштарак ба ҳисоб мегирад.

Дар давоми як моҳу се рӯз дар Қазоқистон 26 322 ҳолати мубталошавӣ ба "илтиҳоби шуши шабеҳи коронавирус" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра 301 кас ҷон бохта, 5 773 нафар шифо ёфтааст.

XS
SM
MD
LG