Ссылки доступа

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратии Белорус


Валерий Вакулчик
Валерий Вакулчик

Александр Лукашенко, президенти Белорус раиси Кумитаи давлатии амнияти кишвараш Валерий Вакулчикро котиби Шӯрои амният таъйин кард.

Иван Тертел, роҳбари Кумитаи давлатии назорат раиси нави Кумитаи амнияти Белорус таъйин шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Белорус иттилоъ доданд.

Ин дар ҳолест, ки буҳрони сиёсӣ дар он кишвар идома дорад. Буҳрон баъди он шуруъ шуд, ки мухолифон натиҷаҳои расмии интихоботи президентии рӯзи 9 августро напазируфтанд. Мухолифон истеъфои президент ва баргузории интихоботи навро талаб доранд. Лукашенко мегӯяд, ҳукуматро аз даст нахоҳад дод.

Дар шаҳрҳои Белорус гирдиҳамоиҳои мардумӣ бо талаби истеъфои Лукашенко пайваста баргузор мешавад. Бино ба иттилои нозирон, яке аз чунин гирдиҳамоиҳо дар маркази шаҳри Минск наздики 200 ҳазор касро ҷамъ овард.

XS
SM
MD
LG