Ссылки доступа

Узбекистон ба табибон иҷозат медиҳад, дорухона боз кунанд


Ҳукумати Узбекистон тасмим дорад, дар баробари дорусозон ба кормандони тиббӣ, ки маълумоти олӣ доранд, низ иҷозати боз кардани дорухонаро бидиҳад.

"Додани иҷозатномаи фаъолияти фармасевтӣ ба кормандони тиббӣ иштибоҳи нобахшиданист. Мо аз шумо барои наҷоти ояндаи фармасевтҳои Узбекистон кумак мехоҳем ва ба шумо бовар дорем", - омадааст дар муроҷиати доруфурӯшҳо ба унвони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар гуруҳи телеграми онҳо нашр шуд.

Намояндаи Вазорати адлияи Узбекистон 25 август дар нишасти хабарии Оҷонси иттилоот ва робитаҳои умумӣ гуфт, "то имрӯз ба ҳайси раҳбари дорухона онҳое ҳаққи фаъолият доштанд, ки маълумоти олии фармасевтӣ доштанд. Ҳоло дастур шудааст, ба қонунгузорӣ тағйироте ворид шавад, ки ин ҳақро ба кормандони тиббии дорои маълумоти олӣ низ медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки хатмкунандагони мактабҳои олии тиббӣ метавонанд дорухона боз кунанд".

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Оҷонси рушди соҳаи фармасевтии назди Вазорати тандурустии Узбекистон, ба тасмими ахир фармони президенти ин кишвар аз 24 август дар бораи "Чораҳои такмилсозии равандҳои иҷозатномагирӣ" сабаб шудааст. Вазорат вазифадор шудааст, ки то 1 ноябри соли 2020 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии додани ҳаққи фаъолияти фармасевтӣ ба табибонро таҳия кунад.

Бино ба иттилои гуруҳи дорусозони Узбекистон дар телеграм, имрӯз дар саросари ин кишвар 14 409 дорухона фаъолият дорад.

XS
SM
MD
LG