Ссылки доступа

Номзадҳои "Бутун Қирғизистон"-ро ба интихобот роҳ надоданд


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон (КМИР) Ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро барои иштирок дар интихоботи порлумонии ин кишвар сабти ном накард.

Рӯзи 3 сентябр маълум шуд, ки гуруҳи кории комиссия дар раванди тартиби рӯхайти номзадҳои "Бутун Қирғизистон" қонуншиканиро ошкор кардааст. Дар натиҷа худи он рӯз дар ҷаласаи аъзои комиссия бо аксари оро тасмим гирифта шуд, ки ҳизби мазкур сабти ном карда нашавад.

Адахан Мадумаров, раиси "Бутун Қирғизистон" ба қарори комиссия норозигӣ баён карда, гуфт, "қарори КМИР сиёсӣ аст".

Ду узви КМИР Қирғизистон ‒ Кайрат Осмоналиев ва Атир Абдрахматова ҳам ба хулосаи гуруҳи кории КМИР норозигӣ карданд.

КМИР Қирғизистон раванди сабти номи номзадҳо ба мақоми вакилии порлумони ин кишварро дар интихоботи пешорӯ ба поён расонд.

Барои курсиҳои порлумони Қирғизистон 15 ҳизб, аз ҷумла "Ота Макон", "Ҳизби иштирокчиёни ҷанг дар Афғонистон ва низоъҳои мусаллаҳонаи дигари маҳаллӣ", "Бир Бол", "Замондош", "Мекен Интимагӣ", "Мекенчил", "Ийман Нуру", "Чон Казат", "Республика", "Ислоҳот", "Ордо", "Ватанам Қирғизистон", "Сотсиал-демократ", "Биримдик" ва "Қирғизистон" вориди рақобат мешаванд.

Аъзои комиссия аз сабти номи номзадҳои ду ҳизб -- "Актив" ва "Бутун Қирғизистон" худдорӣ карданд.

Дар Қирғизистон 4 сентябр таблиғоти пешазинтихоботӣ оғоз мешавад ва интихобот ба рӯзи 4 октябр гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG