Ссылки доступа

Сабти 481 ҳолати нави гирифторӣ ба "илтиҳоби шабеҳи коронавирус" дар Қазоқистон


Мақомоти тандурустии Қазоқистон хабар доданд, ки дар як рӯзи охир дар он кишвар 481 ҳолати нави гирифторӣ ба "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" ва 4 ҳолати марг аз ин беморӣ сабт шудааст.

Дар Қазоқистон шуруъ аз 1 август ба ин тараф омори "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус"-ро аз омори "гирифторӣ ба коронавирус" ҷудо ба ҳисоб мегиранд. Ҳарчанд илтиҳоб низ ҳамон нишонаҳои коронавирусро дорад.

Дар маҷмуъ аз 1 август ба ин тараф дар Қазоқистон 26 ҳазору 803 ҳолати "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" ва 305 ҳолати марг аз ин илтиҳоб сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG