Ссылки доступа

Комисияи мустақил ба ҳуҷҷатҳои дохилии СҶТ даст ёфт


Комисияи мустақил, ки барои баҳогузории чораҳои ҷавобӣ зидди вабои COVID-19 таъсиси шудааст, ба ҳуҷҷатҳои дохилии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) даст ёфт.

"СҶТ ошкоро эълом кард, ки ҳуҷҷатҳои созмон мисли китоби бозе ҳастанд. Мо ҳар он чизеро, ки мехостем бубинем, хоҳем дид", - гуфт Хелен Кларк, ҳаммуассиси гуруҳи кории Комисия.

Гуруҳ бояд ҳуҷҷатҳоро баррасӣ ва ба фаъолияти СҶТ баҳо диҳад, ки қоидаҳои ин созмон то чӣ ҳад таъсиргузор буданд. Дар маҷмуъ ин гуруҳ барои баҳогузории СҶТ 13 касро гирди ҳам овардааст.

Баҳогузории фаъолияти СҶТ дар ҳолест, ки пештар аз ин ИМА СҶТ-ро "дар мудирияти нодуруст дар ибтидои густариши вабои коронавирус" айбдор карда буд. "Комисия бояд муайян кунад, ки СҶТ метавонист ва ё мебоист фаъолияти пуртаъсиртарро ба роҳ монад", гуфт Хелен Кларк.

Хулосаи комисия бояд моҳи майи соли 2021 нашр шавад.

XS
SM
MD
LG