Ссылки доступа

Ба ҳар кадом хонаводаи табибони қурбонии коронавирус дар Қирғизистон 1 миллион сом ҷуброн пардохтанд


Ба хонаводаи 18 табиби аз вабои коронавирус фавтида дар Қирғизистон 1 миллион сомӣ (муодили 12,7 ҳазор доллар) ҷубронпулӣ пардохта шуд. Дар ин бора Нурболот Усенбоев, муовини вазири тандурустии он кишвар рӯзи 4 сентябр хабар дод.

"Дар маҷмуъ 34 ҳолати марги пизишкон баррасӣ мешавад. Дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ, ки марги кормандон сабт шудааст, комисияи вижае ба таҳқиқ машғул аст", - гуфт Усенбоев.

Пештар аз ин дар ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон хабар дода буданд, то санаи 30 июл 73 корманди соҳаи тиб, ки 44 танашон пизишк ҳастанд, аз коронавирус фавтидаанд.

Дар як рӯзи охир дар он кишвар 9 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар миёни табибон сабт шудааст. Дар маҷмуъ дар тӯли мавҷудияти коронавирус дар Қирғизистон 3145 ҳолати мубталошавии кормандони соҳаи тиб ба коронавирус сабт гардидааст.

XS
SM
MD
LG