Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, тарофаи нерӯи барқ барои онҳо хеле гарон ва сифати интернет хеле паст аст. Онҳо нерӯи барқро аз истгоҳ ё трансформатори ширкати хусусие мегиранд ва бар ивази ҳар як киловатт-соат 27 танга пардохт мекунанд, ки назар ба тарофаи нерӯи барқ дар пойтахти Қазоқистон гаронтар аст.
"Баҳори имсол трансформатори нав оварданд, вале ҳоло насб накардаанд. Мардум онро то ба ҳол посбонӣ мекунад. Агар онро то зимистон насб накунанд, боз дуздиҳо оғоз мешавад ва ин мушкили мо 5-10 соли дигар идома меёбад", - гуфт як сокини Қаражар бо номи Қарагоз.
Таҷаммуъгарон мегӯянд, дар деҳаи онҳо сифати Интернет хеле паст аст ва фарзандонашон ҳангоми омӯзиши онлайнӣ бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки дасти кам, чаҳоряки аввали соли хониш дар Қазоқистон ба иллати пандемия онлайнӣ мегузарад.
Сокинони Қаражар ҳамчунин мушкили валангор будани роҳҳоро низ матраҳ карданд. Вале касе аз мансабдорон ба назди онҳо нарафт. Дар ин маҳалла ҳудуди 6 ҳазор одам зиндагӣ мекунад.