Ссылки доступа

Шумори рӯзонаи мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба сатҳи рекордӣ расид


Бино ба омори Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Ҳопкинс, 6 сентябр шумори рӯзонаи мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба сатҳи рекордӣ - 304626 расидааст.

Рекорди қаблӣ 14 август сабт шуда, бино ба хабари "Мавҷи Олмон", он рӯз 304351 ҳолати нав ошкор гашта буд. Вале теъдоди фавтҳо коҳиш ёфта, давоми 24 соати ахир дар саросари ҷаҳон 5637 кас аз вирус ҷон бохтааст. Шумори ҳолатҳои фавт рӯзи 14 август ба 10 135 расида буд.

Ҷамъан дар саросари ҷаҳон 26,5 миллион одам ба коронавирус мубтало шудааст. Аз нигоҳи теъдоди мубталоён Амрико дар мақоми аввал, Бразилия ва Ҳиндустон дар мақоми дувуму севум ҷой гирифтаанд. Русия аз нигоҳи шумори гирифторон дар ҷойи чорум (беш аз 1 млн нафар) ва аз нигоҳи ҳолатҳои фавт дар ҷои 12-ум (17 820) аст.

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус ахиран гуфт, барои пирӯз шудани одамон бар коронавирус камтар аз ду сол лозим аст. "Ин муҳлат воқеитар хоҳад буд, агар кишварҳо дар мубориза бо вирус ҳамраъйӣ изҳор карда, муттаҳид шаванд", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG