Ссылки доступа

Марги сарбозони туркманистонӣ дар пистачинӣ


Дар вилояти Марии Туркманистон дар натиҷаи садамаи нақёт панҷ сарбоз фавтид. Манобеъ мегӯянд, фармондеҳи як қисми низомӣ сарбозонашро барои пистачинӣ ирсол карда буд.

"Фармондеҳи қисми низомии сарҳадӣ дар шаҳри Сарҳадобод рӯзи 2 сентябр сарбозонро ба наздикии марзи Туркманистон бо Афғонистон ба чидани писта фиристод. Бештар аз 30 сарбоз пушти мошини навъи "Урал" савор шуданд. Дар роҳ мошин чаппагардон шуда ва панҷ тан аз сарбозон фавтидаанд", - хабар доданд манобеъ.

Сарбозони боқимонда бо ҷароҳатҳои вазнин, аз ҷумла шикастагии дасту по дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Расонаҳои дигари Туркманистон менависанд, ки дар ин ҳодиса 11 сарбоз фавтидааст.

XS
SM
MD
LG