Ссылки доступа

Ихтисори дастаҷамъии кормандони андоз дар Узбекистон


Кормандони нозироти андоз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Узбекистон шифоҳӣ огаҳ карда шудаанд, ки рӯзҳои наздик "ихтисори дастаҷамъии коргарон" сурат мегирад.

Дар нозироти андози вилоятҳои Сурхандарё, Қашқадарё ва Намангон аллакай ихтисори кормандон оғоз шудааст. Коргароне, ки ихтисор шудаанд, мегӯянд, онҳо бар хилофи қонунҳои Узбекистон аз кор озод гаштаанд, вале мақомоти узбек мегӯянд, "ҳама чи дар доираи қонун аст".

Яке аз нозирони пешини андози ноҳияи Миришкори Қашқадарё ба шарти ифшо нашудани номаш хабар дод, ки тақрибан ними кормандони шуъбаи онҳо ихтисор шудаанд. "2 сентябр аз 40 корманд моҳонаи 18 нафарашон нагузашт, аз муҳосибот пурсидем, гуфтанд, ки ҳамаи мо ихтисор ва аз кор озод шудаем. Онҳо ҳатто моро огаҳ накардаанд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Кормандони нозироти андоз дар вилояти Сурхандарё низ аз ихтисори коргарон хабар медиҳанд. Кормандони мақомоти андози Намангон низ айни ҳамин шикоятро доранд, ки бидуни огаҳӣ аз кор озода гаштаанд.

Як манбаъ дар Кумитаи давлатии андози Узбекистон гуфт, кумита ба далели барҳамхӯрии баъзе аз мақомҳо маҷбур аст, бархе кормандонашро ҷавоб диҳад. "Агар андозсупорандаҳо пештар ҳисоботи худро ба нозироти ноҳия пешниҳод мекарданд, ҳоло онҳо вазифадор шуданд, ки ба нозироти вилоятӣ ҳисобот диҳанд. Бинобар ин, баъзе аз ҷойҳои корӣ дар нозироти ноҳияҳо ихтисор мешаванд", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ҳанӯз маълум нест, ки аз 12 ҳазор кормандони мақомоти андози Узбекистон чи қадарашон ихтисор мешаванд.

XS
SM
MD
LG