Ссылки доступа

Дар Туркманистон касоне ҳабс мешаванд, ки аз "табобати бемориҳои хатарноки уфунӣ саркашӣ мекунанд"


Мақомоти Туркманистон ба кодекси ҷиноии он кишвар тағйироте ворид карданд, ки ба асоси он, афроди фирорӣ аз бемористонҳо ва ё касоне, ки аз табобати "бемориҳои хатарноки уфунӣ саркашӣ мекунанд", то ду сол ҳабс мешаванд.

Дар сурати такрори саркашӣ ва ё фирор, муҳлати ҳабс ба панҷ сол мерасад.

Ин тағйиротро расонаҳои Туркманистон нашр карданд.

Тағйирот ба қонун рӯзи 22 август аз сӯи президенти Тукрманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти он кишвар мегӯянд, дар Туркманистон ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Бо ин вуҷуд, дар чанде аз шаҳрҳои он кишвар маҳдудият ҷорӣ шудааст, ки мақомот онро пешгирӣ аз бемориҳои уфунӣ унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG