Ссылки доступа

Дар Қазоқистон дар як рӯзи гузашта 60 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст


Бино ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон дар як рӯзи гузашта 60 ҳолати мубталошавӣ ва 7 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст. Ба ин тартиб, шумори умумии гирифторони вируси корона дар он кишвар ба 106 ҳазору 361 расид.

Ин омор теъдоди гирифторон ба "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус"-ро дар бар намегирад. Дар Қазоқистон шуруъ аз 1 август гирифторони "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус"-ро аз гирифторони коронавирус ҷудо ҳисоб мекунанд.

Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 139 ҳолати гирифторӣ ба "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" ва як ҳолати марг аз ин беморӣ сабт шудааст. Дар 37 рӯзи ҷорӣ шудани чунин баҳисобгирӣ дар он кишвар 27 ҳазору 762 ҳолати гирифторӣ ва 314 ҳолати марг аз "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" ба қайд гирифта шудааст.

Дар Қазоқистон шуруъ аз 31 август марҳилаи нави сабуксозии чораҳои маҳдудкунанда амалӣ шуд. Мақомот ба фаъолияти иншооти динӣ, толорҳои варзиш, ҳавзҳо, осорхонаҳо ва театрҳо иҷозат доданд.

XS
SM
MD
LG