Ба гуфтаи шоҳидон, Колесниковаро дар микроавтобусе шинонда, ба самти номаълум бурдаанд. Мақомоти Белорус дар ин бора шарҳе намедиҳанд.
Колесникова - намояндаи ситоди номзади зиндонӣ ба мақоми президентии Белорус Виктор Бабарико аст. Колесникова дар маъракаи пешазинтихоботӣ шомили "Сегонаи занона" шуд. Ин сегона ҳамсари номзади дигар ба мақоми президентӣ Валерий Сипкало ва Светлана Тихановская, рақиби асосии Александр Лукашенкоро муттаҳид мекард. Колесникова охирин намояндаи сегона буд, ки дар Белорус боқӣ монда ва дар озодӣ қарор дошт. Вай ҳамзамон шомили Шӯрои тозатаъсиси ҳамоҳангсози мухолифон буд. Колесникова дар гирдиҳамоии ахири мардумӣ дар шаҳри Минск ширкат варзид.
Гирдиҳамоии рӯзи якшанбеи 7 сентябр даҳҳо ҳазор сокинро ба кӯчаҳо баровард. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки дар гирдиҳамоии дирӯз дар Минск наздики 200 кас аз сӯи пулис боздошт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Белорус аз боздошти 633 сокин дар саросари кишвар хабар медиҳанд.
То ин замон зери фишори мақомот Светлана Тихановская ва узви Шӯрои ҳамоҳангсоз Олга Ковалкова Белорусро тарк карданд.
Иқдомҳои зидди президенти Белорус Александр Лукашенко наздики як моҳ аст, ки идома доранд. Бисёре аз ширкатдорон боздошт ва шиканҷа шуданд.