Ссылки доступа

Ҳамлагари клуби Истамбул ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд


Задержание Абдулкадыра Машарипова, Стамбул, февраль 2017 года

Додгоҳе дар Туркия шаҳрванди Узбекистон Абдулқодир Машариповро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Машарипов дар ҳамла ба клуби шабонаи "Reina"-и шаҳри Истамбул дар рӯзи 1 январи соли 2017, ки 39 кушта бар ҷой гузошт, айбдор дониста шуд. Худи Машарипов айбро эътироф кард.

Масъулияти ин ҳамларо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифта буд. Гуруҳ гуфт, ин ҳамларо дар посух ба иштироки низомиёни турк дар низои Сурия анҷом додааст.

Шаҳрдори Истамбул пештар гуфта буд, ки маҳкумшуда дар размоишгоҳҳои гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон омодагии ҷангӣ дида, эҳтимолан як сол пеш аз теракт ба Туркия рафтааст.

XS
SM
MD
LG