Ссылки доступа

Коргарони корхонае дар Қазоқистон бо нишони эътироз аз ҳукми додгоҳ ба кӯча баромаданд (видео)


Наздики 100 тан аз коргарони корхонаи коркарди ангиштсанги "KAZ Феррит" дар наздики шаҳри Қарағандаи Қазоқистон рӯзи 7 сентябр дар ҳудуди корхона даст ба эътироз заданд.

Онҳо аз қарори додгоҳ норозиянд, ки бино ба он, бояд қисме аз корхона тахриб шаванд. Ширкате ба замини корхона даъво дорад ва додгоҳ тахриби корхонаро ба нафъи вай ҳал кардааст. Коргарон бо шиорҳои "Коргоҳи моро нагиред!", "Мо бенон мемонем?", "Ба тахриби корхона иҷозат намедиҳем!" эътироз карданд.

"Мо аз он нигаронем, ки бекор хоҳем монд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки корхонаро мебанданд ва кӯдакони мо гурусна хоҳанд монд", - гуфт Олег Сейтер, яке аз коргарони корхона.

Роҳбарони корхона мегӯянд, бино ба қарори додгоҳ, тахриби биноҳои корхона мумкин аст, аз 9 сентябр шуруъ шавад.

Дар ширкати "СВХ-Портал", ки ба заминҳои корхонаи "KAZ Ферритом" даъво дорад, мегӯянд, онҳо ҳам кор кардан ва даромад гирифтан мехоҳанд. Аммо ҷонибдори гуфтугӯ ва пайдо кардани роҳи ҳал ҳастанд.

Корхонаи "KAZ Феррит" соли 2008 ташкил шуда ба харид, нигаҳдорӣ ва коркарди ангиштсанг машғул аст. Дар ин корхона коргарони маҳаллӣ фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG