Дар иттилоияи вазорат омадааст, сифати воксини мазкурро, ки Озмоишгоҳи ба номи Гамалейи Русия сохтааст, аз санҷиши зарурӣ дар озмоишгоҳҳои "Росздравнадзор" гузарониданд. Қарор аст, рӯзҳои наздик нахустин бастаҳои воксин ба минтақаҳо фиристода шавад.
Маъракаи воксинзанӣ зидди коронавирус дар Русия моҳи октябри соли равон оғоз мешавад. Он ҳоло марҳалаи санҷиши баъди бақайдгириро пушти сар мекунад ва қарор аст, дар ин давра он ба бадани 40 ҳазор одам гузаронида шавад. Марҳалаи мазкур аз 2 то 6 моҳ идома меёбад.
Президенти Русия хабар дод, ки дар кишвараш нахустин воксини зидди вабои коронавирус сабт шудааст. Вай афзуд, яке аз духтаронаш то ин замон воксин гирифтааст.
Путин дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш рӯзи 11-уми август хабар дод. Ба гуфтаи вай, воксин дар ҷараёни санҷиш коромадии худро нишон дода ва қодир аст, ки масунияти устувореро зидди коронавирус шакл диҳад. Аммо на ҳама ба коромад будани воксин бовар доранд ва мегӯянд, воксин дуруст озмоиш нашудааст ва Русия шитоб мекунад.