Ссылки доступа

Норозигии президенти Туркманистон аз расонаҳои давлатӣ: "комёбиҳоро кам мегӯянд"


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳушдор дод, ки рӯзҳои наздик дар ҳукумати ин кишвар тағйирот сурат мегирад.

Ӯ аъзои девони вазирони Туркманистонро ба он айбдор кард, ки натавонистанд бозтоби "комёбиҳои кишвар" ва "ҳалли мушкилиҳои иқтисодӣ"-ро дар расонаҳои давлатӣ таъмин созанд.

Ин ҳушдори Бердимуҳаммадов 4 сентябр дар ҷаласаи ҳукумат баъд аз ҳисоботи муовини сарвазири Туркманистон Мяхриҷамол Мамедов, ки масоили фарҳангӣ ва марбут ба расонаҳоро раҳбарӣ мекунад, садо дод. Мамедова ба ин мақом моҳи июли имсол таъйин шудааст.

Президенти Туркманистон дар ин ҷаласа ҳамчунин фармони барканории муовини вазири маорифи ин кишвар Мердан Говшудовро барои "камбудиҳои ҷиддӣ" имзо кард.

XS
SM
MD
LG