Сокинон дар даст шиорҳои "Мо акнун дар куҷо бозӣ кунем?", "Дар чунин шароите кӯдаконро чи гуна омӯзиш диҳем?" доштанд ва ҳам шиорҳои "Мо зид!", "Тоқаев, моро бишунав" сар доданд.
"Мо се маротиба бо намояндаи ҳукумат мулоқот кардем. Ба мо гуфтанд, ки бидуни ризоияти сокинон сохтмон сурат намегирад. Мо ба додситониву мақомоти сохтмонӣ муроҷиат кардем, вале то ҳол посух нагирифтаем", - гуфт Мухтор Тугелов, яке аз сокинон.
"Мо зидди сохтмони манзилҳои зист ҳастем. Бигзор инҷо гулгашт ва Қасри хонандагон бунёд кунанд. Талаби мо ҳамин аст. Мо бо зӯр сохтмонро манъ хоҳем кард", - гуфт сокини дигар Олжас Билолов.