Ссылки доступа

Шумори маҳбусони сиёсии Қазоқистон 6 нафар зиёд шуд


Ҷомеаи коршиносӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон 6 фаъоли мадании боздоштшударо маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд. Дар ин бора раҳбари созмони ғайридавлатии "Ар.Рух.Хак" Бахитжон Торегожен 8 сентябр дар Фейсбук иттилоъ дод.

Яке аз ин фаъолони маданӣ Санавар Зокирова аз Алмато аст, ки бо навиштаҳои интиқодияш дар бораи мақомоти қазоқ дар Фейсбук маъруф аст. Ӯ аз миёнаҳои моҳи июли имсол бо айбе дар ҳабс аст, ки худи вай онро эътироф намекунад.

Асхат Жексебоев, Абай Бегимбетов ва Кайрат Клишев, ки аз моҳи августи соли равон бо гумони иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Көше партиясӣ" дар ҳабс ҳастанд, маҳбуси сиёсӣ эътироф гаштанд. Ин се нафар қаблан барои иштирок дар эътирозҳо ҳабси маъмурӣ низ шуда буданд.

Фаъоли маданӣ аз вилояти Қазоқистони Шарқӣ Серик Идиришев ва фаъоли дигар аз шаҳри Костанай Аскар Ибраев низ ба рӯйхати маҳбусони сиёсии Қазоқистон шомил гаштанд. Ин ду нафарро додгоҳ дар моҳҳои декабри соли гузашта ва январи соли равон бо ҷурми "иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи Интихоби демократии Қазоқистон" аз озодӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG