Ссылки доступа

Қирғизистон бо 221 млн сом воксини зидди зуком мехарад


Сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов 8 сентябр дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ҳукумати ин кишвараш барои харидории воксини зидди зуком 221,5 млн сом (ҳудуди 2,8 млн доллар) ҷудо кард.

Ба гуфтаи Боронов, бо ин пулҳо 700 ҳазор моя (доза) воксин харидорӣ шуда, нахустин бастаҳо 15 сентябр дастрас мешаванд.

"Воксинаро пеш аз ҳама хонандагон, омӯзгорон, табибон ва гуруҳи осебпазири аҳолӣ дарёфт мекунанд. Дар бемористонҳои хусусӣ воксин пулакӣ хоҳад буд", - афзуд ӯ.

Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳамасола беш аз 100 ҳазор моя воксини зуком харидорӣ мекунад. Бештари он ба гуруҳи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кормандони тиб, мубталоёни бемориҳои музмин, кӯдакон ва пиронсолон гузаронида мешавад.

XS
SM
MD
LG