Ссылки доступа

Сарвазири Узбекистон ба Тоҷикистон меояд


 Абдулла Арипов
Абдулла Арипов

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон меояд ва дар маросими кушоиши мактабе ширкат мекунад, ки бо маблағгузории Узбекистон сохта шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Азия плюс" иттилоъ медиҳад.

Мактаб барои 640 ҷой дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд сохта шудааст. Созишномаи бунёди мактаби мазкур моҳи майи соли 2018 дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баста шуд.

Санаи кушодашавии мактаб ҳанӯз дақиқ нест.

Ба ҷуз мактаб ҷониби Узбекистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон беморхонае бо зарфияти 200 кат бунёд мекунад.

Дар иваз Тоҷикистон ваъдаи бунёди мактаберо барои 640 хонанда дар Самарқанд додааст.

XS
SM
MD
LG