Ссылки доступа

220 муҳоҷири узбекистониро аз Петербург ба Хоразм оварданд


Рӯзи 8 сентябр ҳавопаймое 220 муҳоҷири узбекистониро аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба шаҳри Урганҷи Узбекистон овард. Дар ин бора аз мақомоти вилояти Хоразми Узбекистон хабар доданд.

Ин муҳоҷирони баргаштаро барои на камтар аз 10 рӯз ба карантин мегиранд.

Дар маҷмуъ, бо чаҳор парвози чартерӣ аз Москва ва Петербург 840 сокини вилояти Хоразм баргардонида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 8 сентябр 940 шаҳрванди Узбекистон аз Ростови лаби Дони Русия тавассути қатора роҳии Тошканд шудаанд.

Консули Узбекистон дар Ростови лаби Дон Рустам Қурғонбоев гуфт, ки дар фурсатҳои наздик 3 ҳазор узбекистонии дигар ба манзилҳояшон ирсол карда хоҳанд шуд.

Бо ин вуҷуд, дар марзи Русия бо Қазоқистон, дар вилояти Самараи Русия аз 3 то 4 ҳазор узбекистонӣ ҷамъ шуда, мунтазири иҷозаи убури марзи Қазоқистон ҳастанд. Онҳо ба ин тарақ мехоҳанд, ба Узбекистон бирасанд.

XS
SM
MD
LG