Ссылки доступа

Беш аз даҳ сокини Сӯх барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват шуданд


Беш аз 10 ҷавон аз деҳаи "Навобод"-и ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон рӯзҳои 5 ва 6 сентябр барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулиси ноҳия даъват шуданд.

Наздикон ва дӯстони бозпурсишудаҳо мегӯянд, кормандони пулис ҷавононро маҷбур кардаанд, ки зидди ҳамдеҳаҳои худ - иштирокдорони низои 31 майи соли равон дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон баёнот диҳанд. Дасти кам зидди ду ҷавон аз нерӯи ҷисмонӣ истифода шудааст.

Як сокини 45-солаи Сӯх бо тасдиқи хабари даъвати ҷавонон ба бозпурсӣ гуфт, онҳоро латтукӯб низ кардаанд. "Дурбинҳои назоратӣ иштироки ҳамаи даъватшудаҳоро дар низои марзӣ сабт кардаанд. Онҳоро нахуст барои бозпурсӣ даъват карда, сипас маҷбур кардаанд, ки зидди ҳамдеҳаҳои худ баёнот диҳанд. Тавре шунидам, як ҷавони 28-сола ҳангоми бозпурсӣ ҳатто аз ҳуш рафтааст. Ҳозир сокинони Сӯх хеле дар ҳаросанд. Метарсанд ба касе чизе гӯянд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар Шуъбаи пулиси Сӯх хабари бозпурсии ҷавононро на рад ва на тасдиқ карданд. Вале маъмурони шуъба латтукӯб шудани ҷавононро қотеона такзиб мекунанд.

Рӯзи 31 майи соли ҷорӣ байни сокинони ду деҳаи наздимарзии Узбекистону Қирғизистон ҷанҷол сар зад. Дар ин ҷанҷол аз ду ҷониб бештар аз ҳазор сокин ширкат варзид. Намояндагони мақомоти Узбекистон барои ором кардани сокинон ба минтақа омаданд, аммо бо муқовимати онҳо рӯ ба рӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG